БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ДАСТГИРИИ АЪЗОИ ҲХДТ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА СОЛИ ХОНИШ ОМОДАГӢ МЕБИНАНД

БОХТАР. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус дорад. Ҳамин аст, ки рӯз то рӯз соҳаи маориф дар кишвар рушду нумъ карда, дастовардҳои соҳаи маориф назаррас мебошад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар бо дастгирӣ ва маблағгузории аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр таъмири ҷорӣ бо маром идома дорад.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Н., вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Бақоев С. ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар аз ҷараёни корҳои таъмирӣ шинос шуда, бо сохтмончиён ва омӯзгорон ҳамсуҳбат шуданд. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ба ҳангоми таъмир ба масъалаи сифати корҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона карда шавад.

 То имрӯз дар қисме муассисаҳои таълимӣ корҳо ба анҷом расида, дар қисмати дигар корҳо бо маром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg