БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

ВИЛОЯТ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2021-2025, барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад аз 9 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, марҳилаи интихобии 1 мусобиқаи мазкур дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оғоз гардид. Мусобиқа тибқи қоидаҳои футболи хурд баргузор гардида, дар он дастаҳо аз тамоми деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби шаҳрвандони аз синни 18 сола боло, ки дар мусобиқаҳои касбии футболи кишвар бозӣ намекунанд,  бо ҳам рақобат менамоянд.

Даври якуми мусобиқа дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то 5 августи соли равон идома ёфта, дастаҳои ғолибон ба даври шаҳрӣ/ноҳиявӣ роҳхат мегиранд. То имрӯз барои дар сатҳи лозима ташкилу баргузор намудани даври якуми мусобиқа, шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Левакант, Ҷайҳун, Фархор ва Восеъ нисбатан фаъолнокӣ нишон додаанд.

Даври шаҳрӣ/ноҳиявии мусобиқа аз 10 август то 30 августи соли ҷорӣ идома ёфта, дастаҳои ғолиб ба даври вилоятӣ ва ғолиби вилоят ба даври ҷумҳуриявӣ, ки моҳи октябри соли равон ҷамъбаст мегардад, роҳхат мегиранд. 

Ғолибони ҳамаи 4 даври мусобиқа бо Ҷом, медал ва диплому туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg