БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОНРО МАГАРДОН БА АЙБИ КАСОН…!!!

ВОКУНИШ. Имрӯз ҳар як сокини сайёраро хатарҳои ҷиддие ба монанди терроризм, экстремизм, норасоии маводи хӯрока, тағйирёбии иқлим, хуруҷи бемориҳои сироятӣ таҳдид намуда истодааст. Дар  ин баробар таъмини ҳифзи амнияти сарҳади давлатӣ ва мардум яке аз масъалаҳои асосӣ барои ҳар як кишвар маҳсуб меёбад.Зеро борҳо исбот гардидааст, ки ҳама мушкилиро дар фазои сулҳу якдигарфаҳмӣ метавон паси сар намуд.Аммо баъзе аз афроди манфиатхоҳ ба ин мушкилотҳои башар нигоҳ накарда,  ба ноором кардани вазъият ва пиёда сохтани нақшаҳои шуми худ машғул мешаванд. Ин афрод Муҳиддин Кабирӣ, Муҳамадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров ва як зумра лошахӯрони дигаре мебошанд, ки мехоҳанд бо барномаҳои бофтаи худ, хиёнатпеша будани худро инкор кунанд. Агарчи борҳо бо далелҳои раднашаванда хиёнатпеша будани саркардагони ин афрод М.Кабирӣ ва дигар сагони атрофаш рӯнамоӣ гардида бошад  ҳам, вале ин зархаридон мехоҳанд офтобро бо домон пӯшонанд. Роҳи пӯшонидани офтобро инҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ намуда истодаанд. Ҳамин аст, ки ҳар яке бо ҳар номе имрӯз барномаҳои пайдарпаи  дурӯғину туҳмат ва ё айбҷӯяндаро пахш намудаву худро “мушкилкушо”–и мардум вонамуд намуда истодаанд. Вале, ҳар бинанда ва ё хонанда ин барномаҳои сохтаву бофтаро  метавонад савол диҳад, ки ин ровиёни ҳарзагӯ ба ҷуз аз айбҷӯӣ, дассисаандозӣ чи кореро анҷом додаанд?  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақсади М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш як чиз аст-ноором сохтани вазъи кунунии Тоҷикистон ва бар ин васила ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ. Аммо бехабар аз онанд, ки пиру ҷавони кишвар пас аз ҳар бори тамошои саҳнаҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1990-1992) тариқи оинаи нилгун ба саркардаҳои ин ҷанг Ҳизбӣ Наҳзати исломӣ нафрин мехонанд.Зеро онҳое, ки дар ин ҷанги таҳмилӣ падар, бародар ва дигар шахсони наздики худро аз даст додаанд, хуб дарк кардаанд, ки чи аст ранҷи аз даст додани пайвандон. Вале, ин дастпарвари мактаби ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ М.Кабирӣ ва дигар аъзои ин ташкилот  ҳама кӯшишу ғайрати худро баҳри дубора ба ҷанг кашидани сокинони осоишта равона карда истодаанд. Ҳарчанд худро  “мухолиф” мепиндоранд,  аммо ҳеҷ мухолиф шуда наметавонанд.  Зеро  мухолиф касе нест, ки дар паи  айбҷӯӣ, фитнаандозӣ ва ноором сохтани ҳамватанонаш бошад.Ҷӯстани айби касон ҳунар ва ё фаъолият нест, ҳар ҷое  корест камбудист   вале пеш аз оне, ки М.Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бар ҷӯстани айби давлату миллат мешаванд бояд имрӯзу гузаштаи худро биандешанд, зеро чунин мегӯяд шоир:

Забонро магардон ба айби касон,

Ки худ айб дорию мардум забон.

Худойдод Ёров,  сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg