
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зарбахш» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷвлолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур кушода, оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ муфассал ҳисобот доданд. Бо тарафдории аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, намояндагони Кумитаи иҷроия атрофи вазифаҳои навбатии ташкилоти ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, инчунин оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ суханронӣ намуда фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар шашмоҳаи аввали соли равон хуб арзёбӣ карданд.