БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

А.ҶОМӢ. Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва  захира намудани озуқаворӣ  барои тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ  бо  иштироки Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Абдураҳим Амонзода раиси ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ  дар кӯчаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ   бо усули «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида баромаданд.

Зимни баргузории суҳбатҳо бо сокинон қайд намуданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2021 таъмин намоянд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳар як сокини ҷумҳуриро зарур аст, ки корро тарзе ба роҳ монем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем.

Илова бар ин вобаста ба истифодаи мақсадноки замин масъулин таъкид доштанд, ки дар сурати истифодаи дурусти замин мо метавонем маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои кишвар таъмин сохта нарху навои онро бошад, муътадил нигоҳ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg