КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва оид ба амалисозии ҳадафҳои дар пешгузоштаи Соли тақвияти робита бо маҳал бо мардум мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Файзобод”-и ҷамоати деҳоти Заргар вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти маҷлис оид ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти Ваҳдати миллӣ, қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯ овардан ба хоҷагидориву кишоварзӣ суханронӣ намуданд.