
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД – 19 дар якҷоягӣ бо волонтёрон - аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки ноҳия Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Солимии миллат- боигарии давлат”-ро баргузор намуданд.
Ҳамзамон, дар ин аксияи мазкур намояндагони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия иштирок карда, ба сокинон тарзи дурусти риояи гигиенаи шахсӣ фаҳмонида, ба онҳо варақаҳои таъкидиро ба воситаи волонтёрон дастрас карданд.