БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН САОДАТИ МОСТ!

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқ” бораи нимсолаи аввали соли 2021 иштирок намуданд. Зимни баргузории маҷлис масълаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабл карда шуданд. Ҳамзамон Насимов Комрон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар кори маҷлис мудири шаъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Ятимова Рухшона иштирок намуда, оид ба масъалаи сазовор истиқбол намудани ҷашни дар пешистодаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо роҳи иштирок дар аксияю ҳашарҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Ободии Ватан – саодати мост” саҳми худро гузоранд.

Инчунин, баъди анҷом ёфтани маҷлис масъулин аз ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоии мазкур дидан намуда, зимни санҷиш маълум гашт, ки ҳамаи 8 адад ҷузгирҳои лозима вуҷуд доранд, вале беъзе камбудиҳо дар расмияти ҳуҷҷатҳо дида мешавад. Оид ба бартараф намудани камбудиҳо ва ба талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузорӣ ба котиби ташкилоти ибтидоии мазкур дастурҳо дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg