ПАНҶ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Обшорон" ва "Истиқлол" маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар рафти маҷлис раиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ М. Ҳайдарӣ ва Н. Қаҳоров аз натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар шашмоҳаи соли 2021 ҳисобот доданд.
Дар ҷамъбасти маҷлис бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон шахсони болозикр раиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии номбурда бори дигар аз нав интихоб карда шуд.