
КӮЛОБ. Зери ҳамин унвон бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи нави бемории сироятии коронавирус дар кӯчаи марказии шаҳр аксияи ҳизбӣ роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни аксияи мазкур ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус беш аз 350 адад варақаҳои иттилоотӣ дастраси аҳолии шаҳр гардонида шуд.