БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ НЕК АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

КӮЛОБ. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  аз ҷониби роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати сохтмони асосии минтақаи Кӯлоб” – Бобоев Аскар дар арафаи Иди Саиди Қурбон дар якҷоягӣ бо муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин ба Шералиева Шаҳноза сокини маҳаллаи Ш.Шоҳин ва  сокини маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб - Акобиров Неъматшо кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Зимни аёдат, Саймуминзода Фирӯз Саймумин зикр намуд, ки ин ҳама дастгирию ғамхориҳо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, пайваста аз ҷониби фаъолони ҳизб ва шахсони саховатпеша нисбат ба нафарони эҳтиёҷманд ва маъюбу бепарастор зоҳир мегардад.

 Дар фарҷоми аёдат аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиён волидайни нафарони кумакгирифта, сипосу миннатдории худро баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg