БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТӢ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тибби оилавӣ” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус вохӯрӣ доир гардид.

Дар аснои вохӯрӣ Мунаввараи Бозоралӣ изҳор дошт, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро вабои нави аср, мавҷи дуввуми бемории сироятии коронавирус ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Метавон гуфт, ки мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳони имрӯза ин бемории коронавирус баҳисоб меравад, ки ҳам ба соилмии ҷомеа ва ба иқтисодиёти давлатҳо зарари калон оварда истодааст. 

Вобаста ба ин, кормандони ташкилот бо як ифтихормандӣ изҳор доштанд, ки дар фазои мусоиде, ки имрӯзҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардаанд, метавонанд дар шифо ёфтани шахсони аз  ин беморӣ сироятёфта саҳми назарраси хешро расонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg