
ДАНҒАРА. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо усули “Хона ба хона” оид ба самаранок истифодабарии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пешгирии пандемияи коронавирус, захираи дусолаи маводи хӯрока, корҳои ободонию созандагӣ дар маҳалли зист, дар ҷамоати шаҳрак вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин шоҳид гардиданд, ки сокинон барои таъмини маводи хӯрока барои ду соли оянда аз маҳсулотҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва меваҳои тару тоза консерва ва ҳаргуна хӯришҳо омода намуда истодаанд. Инчунин, миёни сокинон барои захираи дусола ва омодагӣ ба фасли зимистон, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.