
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ М. Қурбонзода кушода, оид ба фаъолияти ташкилот дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дод. Баъди шунидани ҳисоботи раиси ташкилот номзадии Қурбонзода М. бо тарафдории аъзои ташкилот аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.