
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ” дар ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти шашмоҳаи ташкилот маълумот доданд. Бо тарафдории аъзои ташкилоти ибтидоӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.
Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Алиев Зафар баромад намуда, оид ба вазифаҳои минбаъдаи ташкилотҳои ибтидоӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби бештари ҷавондухтарон ба касбу ҳунар ибрози андеша намуд.