
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Орзу» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ баромад намуданд. Бо тарафдории аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, намояндагони Кумитаи иҷроия атрофи вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, инчунин оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ суханронӣ намуда, ба ҳозирин варақаҳои таблиғотӣ-тавсиявиро дастрас карданд.