БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА

А.ҶОМӢ.   Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Лоҳутӣ”  маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ  бо  иштироки  Муҳаммаддовуд  Ҳалимзода  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Амонзода Абдураҳим раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳрак” Хоҷаев Абдураҳмон раиси ташкилоти ибтидоии “Коммуналчиён”  ва   раиси  ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ” баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ М. Маҳмадов шунида шуд. Номбурда фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ”- ро давоми шаш моҳи ҳисоботӣ, ки дар самти татбиқи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ равона гардидааст, ҳисобот дод.

Аз рӯи масъалаи дуюм интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ”  Маҳмадов М озод карда шуда, ба ҷойи ӯ номзадии  Сабоҳат Восиева ба роҳбарии ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ  пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳозирин тасдиқ гардид.

Сипас, Муҳаммаддовуд Ҳалимзода  ва Абдураҳим Амонзода раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳрак” оид ба маҳалли зисти ноҳия, раиси ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ)  суханронӣ намуда, зимни суханрониҳояшон оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ҲХДТ, вазифаҳои ташкилоти ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, иҷроиши саривақтии обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ”  ва “Ҳамрози халқ” инчунин, саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg