БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо терроризму экстремизм дастаҷамъона мубориза бояд бурд

КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Синамо” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маҷлис баргузор гардид.

Дар кори маҷлис аъзои раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Синамо”, директори Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ ва мудири шуъби таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок ва баромад намуданд.

Бо ибрози андеша Фирӯзи Саидмӯъмин ба сухан баромада, қайд кард, ки Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста аз хатарҳои терроризму экстремизм моро огоҳу ҳушдор месозад. Яъне аз гуфтаҳои Сарвари давлатамон ҳақиқатан мушоҳида мешавад, ки вазъияти мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир пеш аз ҳама ба тағйир додани суннату арзишҳои фарҳангии миллатҳо нигаронида шудааст. Таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ҳар яки мо, бахусус ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки тамоми нерӯи худро танҳо баҳри ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ризоияти миллӣ равона созем.

Бозорзода Сафаралӣ дар навбати худ гуфт, ки терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ гирифтааст, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳое мавҷуд аст, ки талошҳои бар он доранд, мақсаду маром, афкор ва нақшаҳои муғризонаи худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу зеборо харобу ноором созанд.

Мавсуф дар идомаи мулоқот таъкид сохт, ки дар ин миён ҷавонони мо бояд нисбати  иғвою дасиса ва ҳодисаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои махсус омодашуда дар дохил ва хориҷи кишвар ба вуқӯъ мепайванданд, бетарафиро ишғол накарда, ҳамеша ба онҳо вокунишҳои саривақтиву ҷавобҳои дандошикан диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg