ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шакардашт” Аксияи тарғиботӣ- амалӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” роҳандозӣ гардид. Дар ин рӯз бо истифода аз қувваи фаъолони маҳалла, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар маҳаллаи мазкур 4 адад синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.