БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои лаънатӣ нафрати мардумро нисбати худ зиёд кардаанд

АНДЕША. Даҳсолаи аввали асри ХХI бо тамоми хатарҳои сатҳи умумиҷаҳонии худ ба ҷони инсонҳо ва вазъи кунунии сайёра таъсири зиёди манфӣ расонидааст. Дар баробари зиёд будани хатарҳои рузафзуни умумисайёравӣ ва минтақавӣ яке аз он хатарҳое, ки таъсири он дар асри навин  ба ҷони инсонҳо ва рушди мафкураи инсонӣ монеъ мешавад ин амалҳои экстремистию террористӣ ба ҳисоб меравад.

Таъсири манфии амалҳои экстремистию террористиро метавон ба ин шакл гуруҳбандӣ кард:

  1. Таъсиррасонӣ ба шуури шахс ва ҷамъият, ки фаъолияти минбаъдаи шахс ва ҷамъиятро ба сӯи торикӣ тела медиҳад;
  2. Гирифтани пеши роҳи таълим ва таъсир расонидан ба сифати таҳсилот. Дар натиҷа ҷамъият хусусан наврасону ҷавонон аз таҳсилоти сифатнок дур гардида, донишҳои замонавиро аз худ карда наметавонанд, аз ихтирооту навгониҳо бе баҳра мемонанд, ки барои ояндаи миллат рӯирост фаноёбӣ таҳдид мекунад; 
  3. Таъсир расонидан ба  тарбия ва масоили иҷтимоӣ. Ҷамъият аз ахлоқи инсонӣ ва фарҳанги  миллӣ дур мегардад;
  4. Гирифтани пеши роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат ва хароб гардонидани инфрасохтор ва иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда;
  5. Зиёни зиёди моддиву маънавӣ ба давлату миллат ва ғ.

Бо дарназардошти чунин натиҷагириҳо, ки аз таҳлилҳо ва амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар симои наҳзатиҳои лаънатӣ бармеоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кӯшиш намуданд ба ғаразҳои нопоки худ расанд, аммо иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳуввият ва шуҷоати миллӣ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки амалҳои бадхоҳонаи худро дар ин сарзамин  пиёда намоянд.

Наҳзатиҳои лаънатӣ новобаста аз он, ки аз кишвар фирор намуда, дар пушти хоҷагони хориҷиашон пинҳон шудаанд, бо пуштибонӣ ва сарпарастии манфиатҷӯёни хориҷӣ аз берун ба сари давлату миллат санги маломат мепартоянд.

Ин хоинон бехабаранд, ки халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аждодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад. Аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандозӣ намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон чеҳраи аслии онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёда мегардад.        

Суҳроб Авлиёқулов, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg