БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ”

ҶАЙҲУН. Дар доираи аксияи Ҳизбӣ  “Якҷоя ҳал мекунем” ё “Якҷоя месозем” бо иқдоми аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Эмҳамадов Қаландар  сохтмони синфхонаҳои иловаги дар назди муассисаи таълимии №35 дар деҳаи Фирдавсӣ роҳандозӣ гардид.

Аксияи мазкур бо тариқи ҳашар бо мақсади саҳмгузоштан дар ободии диёр ва бартараф намудани норасоии ҷой нишаст ба мактаббачаҳо ташкил карда шуд.  Дар мачмуъ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша беш аз 120000 сомонӣ барои сохтмони ин иншоот сарф карда мешавад. Бояд зикр кард, ки хонандагони муассисаи таълимии болозикр дар 3-баст таҳсил мекарданд  ва пас аз ба истифода додани синфхонаҳои иловагии муассисаи таълими  мушкилии хонандагон бартаф мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg