Ш.ШОҲИН. Дар даҳсолаи охир дар бисёр деҳаҳои манотиқи дурдасти кишвар бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили ҷумҳурӣ бо оби тоза таъмин гаштанд.
Дар натиҷаи бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гаштани аҳолӣ ин боис мегардад, ки сокинон ба бисёр ободӣ расида ба шароити арзандаи зиндагӣ шарафёб мешаванд.
Хушбахтона, ин насими форам ба ноҳияи мо низ таъсири худро гузошт. Дар бисёр деҳаҳои ноҳияи мо ҳам бо шарофати пайдоиши оби тоза, аз он ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ қомат афрохта, барои беҳбудӣ бахшидан ба саломатии аҳолии мо шароити мусоид фароҳам овард.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бунгоҳи тиббии деҳаи Дараи об вохӯрии судманд доир намуданд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Назарзода Толибҷон ва мудири шуъбаи таблиғот, иттиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Неъматов Абдуҷаббор иштирок ва андешаронӣ карданд. Дар охир байни пизишкону кормандони бунгоҳи тиббӣ ва намояндагони Кумитаи иҷроия саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокдорон аз ин вохурӣ қаноатманд гардиданд.