БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши мардуми маҳал дар татбиқи Паёми Пешвои миллат арзанда аст

А.ҶОМӢ. Тибқи қарор,  дастуру супоришҳо ва ҷадвали тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  ҳар як Кумитаи иҷроияи шаҳриву ноҳиявии ҳизбӣ вазифадор карда шудааст, ки дар ҳамаи  маҳаллаҳои  ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо,  ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ  таъсис  дода,  бо  ин роҳ робитаро бо сокинони  маҳаллаҳо мустаҳкам  намоянд.

Аз ин лиҳоз, тибқи ҷадвали тасдиқгардида, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  бо иштироки беш аз 150 нафар сокинони маҳаллаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Дустӣ  вохӯрӣ доир гардид. 

Гурӯҳи  кории  ҳизбиро  пиру  барнои  маҳаллаи  зикрёфта чун расми меҳмоннавозии мардуми маҳаллӣ  бо чеҳраи зебои тоҷикона,  хело хуш  истиқбол  намуданд.

Сипас, гурӯҳи кории ҳизбӣ аз намоишгоҳи созмондодаи сокинони маҳалла,ки маҳз маҳсули дасти ҳунармандони маҳалла дар бахши кашидадӯзиву дӯзандагӣ, чакандӯзӣ,  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  омода карда буданд, тамошо карда ба ташкилкунандагони ин намоишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён доштанд.

Роҳбари  гурӯҳи корӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо  сокинони  маҳалла изҳор дошт, ки пеш аз ҳама  мақсади ташрифи гурӯҳи кории ҳизбӣ дидорбинӣ  буда,  дар  баробари  ин дастуру  супоришҳое, ки  аз  мақомотҳои  болоии  ҳизбианд  ба  шумо расонидану дар якҷоягӣ  аз  пайи  татбиқи  он  шудан  мебошад.

Ҳамчунон мавсуф ибрози ақида намуда зикр кард, ки дар воқеъ, Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 барои чомеа ва дар алохидаги, барои ҳар яки мо рохнамоест дар самти созандагиву бунёдкори ва бо инобати ин Пешвои миллатамон, соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон  доштанд.

Дар охир бо иштироки васеъи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, дар маҳаллаи мазкур, ташкилоти ибтидоии «Навбаҳор» таъсис дода шуда, ба ҳайсии раисии он Раҳматов Кароматуллло интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg