БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ –НАҶОТБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар шароити набудани роҳбари давлат оғоз кард. Дар ҷараёни иҷлосия, баъд аз мубоҳисаҳои зиёд ҷиҳати идомаи иҷлосия, институти президентӣ барҳам дода шуда, раиси Шӯрои Олӣ ҳамчун роҳбари давлат аз нав интихоб гардид. Ба ин вазифа роҳбари 40 сола- Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.

         Дар он рӯзҳо савол ба миён меомад, ки «оё ҷавоне, ки таҷрибаи давлатдорӣ надорад, метавонад ҷумҳуриро идора намояд?» Аксарияти депутатҳо ва пешвоёни минтақавӣ ба интихоби Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо мақсади боз доштани хунрезӣ ва ба воситаи ӯ барқарор намудани вазъияти нисбатан мӯътадили сиёсӣ розӣ шуда буданд. Онҳо ҳали бомуваффақиятонаи вазифаҳои иқтисодӣ ва сиёсати хориҷиро таҳти сарварии сиёсатмадори ҷавон ғайри имкон гумон карда, худро дар «тахт»-и Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол медиданд.

         Аммо Эмомалӣ Раҳмон тамоми хусусиятҳои беҳтарини роҳбари давлатро дар ҳалли масоили сиёсати дохилӣ зоҳир карда, ҳамчун дипламати соҳибтаҷриба дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ баромад намуд.

         Барои Пешвои мамлакат, махсусан аз моҳи декабри соли 1992 то моҳи ноябри соли 1994 марҳилаи вазнинтарин ба ҳисоб мерафт.

         Ӯ дар давраи гуфтушунидҳо бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик матонат, фазилати сиёсӣ, истеъдоди баланди дипломатӣ зоҳир кард. Дар давраи  Комисияи оштии миллӣ дар сохтори давлати ва органи қонунбарори мамлакат ислоҳот гузаронида, Парламенти дупалатагии касбӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод.

         Дастовардҳои бузурги Пешвои миллат таъмини истиқлолияти энергетикӣ, бехатарии амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти камуникатсионӣ-вазифаҳои стратегии таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷӣ буда, асоси рушди минбаъдаи некӯаҳволии халқи тоҷикро ташкил медиҳанд.

         Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоӣ ворид гардида¸  дар ҳаёти моддӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик таъсири куллӣ расониданд.

         Ибтикороти ӯ дар ибтидои асри 21 ҷиҳати ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ саривақтӣ ва рӯзмара буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Дар тули 30-сол, баъд аз баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик роҳи бузургро ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ватани хеш тай намуд.

         Иҷлосия тавонист, ки роҳбари нави давлатро интихоб намояд. Маҳс Эмомалӣ Раҳмон пешвои ҳақиқии халқ сазовори вазифаи роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Ҳошимов Тоҳир, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg