БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ

КӮЛОБ. Дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати дещоти  Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ  Саъбугул Валиева ва дигар шахсони масъул бо эмомхатибон ва раисони маҳаллаҳо ҷиҳати  дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки  қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Инчунин, дар идома ҳозирин вобаста  ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вазъияти кунунии кишвари ҳамсоя – Афғонистон, худкушӣ, куштор ва даст задан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ибрози андеша намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки барои пешгирии амалҳои номатлуб аз ҳама имкониятҳо самаранок истифода баранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg