БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ҲИСОБОТ ДОДАНД

КӮЛОБ. Бо  иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин ва раиси ташкилоти ибтидоӣ – Шомадов Ниёзмад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи вилоятӣ” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Саймуминзода Фирӯз Саймумин зимни баромади хеш қайд намуд, ки ҲХДТ бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани саӣҳи некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.

Инчунин, дар идомаи  маҷлис ду масъала, “Ҳисоботи шашмоҳаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” ва “Аз нав интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ”  баррасӣ гардид. Дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи  шашмоҳаи Шомадов Ниёзмад шунида шуда, аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон қарори якдилона қабул карда шуд, ки Шомадов Ниёзмад аз нав раиси ташкилоти идбидоии ҳизбии “С. Даминзода” интихоб карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg