
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” бо иштироки мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон – Ҳусейнова Сайёра, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин, корманди масъули ҳизбӣ Саъбугул Валиева ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Темрушоев Рустам вохӯрӣ доир гардид.
Дар аснои вохӯрӣ аз ҷониби ҳизбиён қайд гардид, ки ҲХДТ бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани саӣҳи зиндагии мардум, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд. Дар ин росто, дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи шашмоҳаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Темуршоев Рустам шунида шуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар шашмоҳаи аввали соли 2021 хуб арзёбӣ гардид.
Дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон қарордар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ якдилона қабул гардида, Темуршоев Рустам аз нав раиси ташкилоти идбидоии ҳизбии “Баракат” интихоб карда шуд.