БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОБОДИИ ДИЁР АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯҳдоман” корҳо дар самти обёрикунонии маҳаллаву деҳот ба роҳ мода шуд.

 Инчунин, дар доираи амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ –ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва «Якҷоя месозем!» бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳизби ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон, Бекмамадов Асалмамад, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Куҳдоман” Қурбонов Батуралӣ ва бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ ва  сокинони деҳа корҳои ободонӣ  роҳандозӣ гардид.

Дар аксияи мазкур бо тариқи ҳашар бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ барои 300-оила қубурҳои пластикӣ ба масофаи 2-километр гузоаронида шуда истодааст. Бояд зикр кард, ки сокинони деҳа зиёда аз 20-сол мешавад, ки аз норасоии оби босифати ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg