БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЧОРГУЛ”

ФАРХОР. Оиди баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаш моҳи соли равон масъулини Кумитаи иҷроия ба “Чоргул” ташриф оварданд.

       Зимни баргузории маҷлис ҳамаи масълаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахдор қабл карда шуданд. Ҳамзамон Эмомов Абубашар раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

       Дар кори маҷлис мудири шаъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ятимова Рухшона иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суҳбат бо аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур  оид ба масъалаи пешгирии бемории коронавирус ва сазовор истиқбол намудани ҷашни дар пешистодаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо роҳи иштирок дар аксияҳо ва ҳашарҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Ободии Ватан – саодати мост” саҳми худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg