ХОВАЛИНГ. Дар арафаи таҷлили Иди сайиди фитр кӯмакҳои моддиву маънавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ҳамарӯза ба табақаи ниёзманди аҳолии ноҳия расонида мешавад.
Ҳамин гуна ёрӣ дар ба яке аз оилаҳои камбизоат Мустафоев Фатҳуддин расонида шуд.
Номбурда баъди гирифтани кӯмак миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизби созандаву бунёдкори ҷомеа баён намуда, аз он қаноатмандӣ изҳор кард, ки табақаҳои ниёзманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ба онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.