ТЕМУРМАЛИК. Дар Қасри Фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид, муовини раиси ноҳия Файззода Меҳриниссо, мудири шуъбаи маънавиёт ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия Айниддин Аслиддин озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” баргузор гардид. Иштирокдорон бо ҳавасмандии зиёд ширкат варзида, аз худ маҳорати баланд нишон доданд.