
АНДЕША. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи абармарди арсаи таърихи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худ омодагӣ дида истодааст.
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳаву маҳаллаҳои кишвар, таҳти унвони “Тоҷикистон хонаи умеди мо” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ низ омодагиҳо рафта истодаанд.
Дар доираи иҷрои Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 210 иншооти гуногуни таълимӣ, тиббӣ ва хизматрасониву маишӣ ба нақша гирифта шудаанд. То имрӯз 180 иншооти гуногуни ҷашнӣ бо маблағи 55 миллиону 610 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки 85,7 фоизи Нақшаи чорабиниҳои пешбинишударо дар бар мегирад. Қисми бештари иншооти мазкур ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва занону ҷавонон тааллуқ доранд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар сохтмони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо дар маркази ноҳия, бинои панҷошёнаи маъмурии шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маблағи 6 миллион сомонӣ, бинои шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ ва Маркази таълими калонсолон бо маблағи 3 миллиону 870 ҳозор сомонӣ, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи А.Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва коллеҷи тиббӣ аз тарафи соҳибкори маҳалли бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, нуқтаи таъмир, шустушӯи мошинҳо ва дар ошёнаи дуюми бино сехи дӯзандагӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи 50- солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ, инчунин корхонаҳои саноатӣ бо маром идома ёфта истодаанд.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз- 2021 11 адад иншоотҳои гуногуни ҷашнӣ бо маблағи 4 миллиону 242 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарии сокинони ноҳия қарор дода шуданд. Аз ҷумла; сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ бо маблағи 750 ҳазор сомонӣ барои 320 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди барраси қарор гирифтанд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин синфхонаҳои иловагӣ тариқи ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони ин ҷамоатҳо сохта шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизу курсӣ барои хонандагон ва дигар лавозимоту ашёҳои хониш таъмин гардиданд.
Ҳамзамон корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулотҳои қаннодӣ бо маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ аз тарафи як нафар соҳибкори маҳаллӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки дар ин корхона 10 нафар сокини ноҳия соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд.
Инчунин, бинои нави бунгоҳи тиббӣ бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ ва ду хати оби нӯшокӣ дар масоҳати 1,5 киллометр бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони як майдончаи варзишӣ бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.
Вусъати корҳои сохтмонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ бомаром идома доранд.
Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер Раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон