
НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғурта” бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб вохӯрӣ баргузор шуд.
Сараввал зимни баргузории вохӯрӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб шунида шуд.
Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғурта ” Қосимов Алимардон аз нав интихоб гардид.
Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани ташкилот бояд саҳгузор бошад.