БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН МЕҲВАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърихӣ гузашт, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда, ҷомеаи суботмеҳварии худро шакил дод, ки дар дарозмуддат ҳамчун заминаи қавӣ дар тақвияти аслҳои давлати соҳибистиқлол нақш хоҳад бозид.

Дар тулим 30 солӣ истиқлолияти давлатӣ тамоми рамзҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифтан, ки имрӯз дар самти рушд эҳсоси ватанпарастӣ ва давлатмеҳварии шаҳрвандони восеъ истода мешаванд. Истиқлолияи давлатӣ шароити арзандаро барои ташакул, шинохт, татбиқи манфиатҳои миллии кишвар ба вуҷуд меорад. Худи мафҳуми “Соҳибихтиёр” ҷузъи ҷудонопазири консепсияи манфиатҳои миллӣ буда, шароити мувофиқ барои тадбиқи он мебошад. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз афзалиятҳои доимии  давлати миллӣ ба шумор меравад ва барои тадбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад. Дар замони истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба як қатор усул ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии мардуми кишвар рӯи даст  омаданд. Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии  давлатӣ барои наслҳои минбаъда фазои озод ва шароити мусоидро ба  вуҷуд меоварад, ки дар дарозмуддат барои  ҳифзу тадбиқи манфиатҳои миллӣ Тоҷикистон мақоми калиди доранд.

Асадуллозода Ватаншо, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg