БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баракат” тибқи нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнова Сайёра вохӯрӣ доир гардид.

           Зимни вохӯрии мазкур аз ҷониби ҳизбиён қайд гардид, ки КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бахшида ба истиқболи  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор аксияҳоро ба роҳ мондааст, аз ҷумла сохтумони Маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, утоқи кории раиси Кумитаи маҳалла, азнавсозии иншооти гигиенӣ, азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо ҷалби фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ, соҳибкорони муваффақу ватандӯст ба роҳ монда шудаанд.

         Дар ин баробар, дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи  шашмоҳаи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Абдураҳмонов Шералӣ шунида шуд.

Дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон қарори якдилона қабул карда шуд, ки Абдураҳмонов Шералӣ аз нав раиси ташкилоти идбидоии ҳизбии “Баракат” интихоб карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg