ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҳамроҳии мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ» дар шуъбаи бемориҳои дил вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баргузории вохӯри Гадоӣ Сайдалиев оид ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», эълонгардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баромад кард.
Фирӯз Пиров бошад, ҷиҳати огоҳ намудани сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.