БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТУДАКАВШ”

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тудакавш” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи  шашмоҳаи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Набиева Меҳурбон шунида шуд.

Вобаста ба масъалаҳои болозикр аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ қайд гардид, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорие, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён доранд, саҳми муносиб дошта бошанд.

Дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон қарори якдилона қабул карда шуд, ки Набиева Меҳрубону аз нав раиси ташкилоти идбидоии ҳизбии “Тудакавш” интихоб карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg