БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ФАЛАК”

КӮЛОБ. Дар асоси нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фалак” бо иштироки мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон – Ҳусейнова Сайёра, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Саймуминзода Фирӯз Саймумин, корманди масъули ҳизбӣ – Саъбагул Валиева ва Раиси ташкилоти ибтидоӣ – Тоҳиров Фирдавс маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

         Дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи  шашмоҳаи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Тоҳиров Фирдавс шунида шуд.

Вобаста ба масъалаҳои болозикр аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ қайд гардид, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорие, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён доранд, саҳми муносиб дошта бошанд.

Дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон қарори якдилона қабул карда шуда, Тоҳиров Фирдавс аз нав раиси ташкилоти идбидоии ҳизбии “Фалак” интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg