БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУРӮҒГӮӢ - БЕШАРАФӢ ВА ЗАВОЛИ ИНСОН

Рост ҷӯ, рост нигар, рост гузин,

Рост гӯ, рост шунав, рост нишин.

АНДЕША.  Ростгӯӣ хислати хуби инсонӣ буда, ба шахс ҳусну тароват, дилнишинӣ ва руҳияи нек мебахшад. Рост гуфтан нишона аз мардонагист. Худованди бузург бандагонашро ба ростгӯйӣ ҳидоят мефармояд. Ҳамаи бузургон ва мутафаккирони рӯи олам ростгӯӣ ва ростқавлиро васф намуда, дар бобати ин хислати инсонӣ андешаҳои худро иброз доштаанд. Сухани дуруст ба инсон ҳамчун марҳам буда, касро аз бало ва офатҳо нигоҳ медорад. Алӣ ибни Абӯтолиб фармудаанд: “Ҳақро дар ҳама ҳол бигӯ, парҳезгоронро ёвар бош ва аз фосиқон дурӣ гузин”.

Имом Ҳусайн низ доир ба ин нукта гуфтаи ҷолиберо қайд намудаанд: Ростгӯӣ сарфарозӣ ва дурӯғгӯӣ нотавонист”.

Шоири шаҳири классики форсу тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ низ дар ин мавзуъ мисраҳои нотакрореро офарида, дурӯғгӯйро ҳамчун душман нигоштаанд:

Ҳар он кас, ки бо ту нагӯяд дуруст,

Чунон дон, ки ӯ душмани ҷони туст.

Сухани рост оромиши руҳу тан буда, ба ҳеҷ нафар зиён намеорад. Чуноне ки маълум аст, шахси дурӯғгӯй дар назди мардум беқадру қиммат аст ва дар ҷомеа барои ӯ ҷой намемонад. Зеро ин қабил шахс бо дурӯғ гуфтани худ аз чашму дили мардум меафтад. Шайх Саъдии Шерозӣ дар ин бора хеле бамаврид гуфтаанд:

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,

Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки мардум аз шахсони дурӯғгӯй ҳазар мекунанд ва бо онҳо риштаи дӯстӣ намепайванданд, зеро ин тоифа аз боварии одамон баромадаанд:

Дурӯғ, эй бародар, магӯ зинҳор,

Ки козиб бувад хору беэътибор.

Дурӯғгӯӣ- ин гӯё бо шамшер зарба задан ба касе мебошад, ки агар низ ҷароҳаташ дуруст шавад, нишони он то абад боқӣ мемонад.

Шахси ростгӯй байни ҳама намунаи ибрат гардида, дар ҷомеа обрӯ ва манзалати баландро касб менамояд. Мардум бо ин қабил шахсон робита барқарор намуда, аз онҳо маслиҳатҳо мегиранд, зеро онҳо дар дӯстиву рафоқат низ устуворанд, ба қадри ҳамаи хубиҳо мерасанд ва аз эшон касе зарар намебинад. Ба ин хотир моро лозим меояд, ки дар пайи ростиву дурусткорӣ бошем. Чунки ростиву росткорӣ дар дунё заволе надорад ва инсонро ба қуллаҳои баланди фатҳ ва шараф мерасонад. Чунончи фармудаанд:

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.                                    

Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg