ФАРХОР. Бо мақсади тақвият додани робита бо мардум ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Чоргул вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохўри масъулин оид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ суханронӣ намуданд. Аз он ҷумла,муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд намуд, ки имрӯз Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз рушд карда, ободу шукуфон гашта истодааст. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шукргузорӣ аз Истиқлолу давлатдории миллӣ бикунем ва дар паҳлӯи Пешвоямон истода, дар ободонии кишвар саҳмгузор бошем. Аммо ин мафҳумро баъзе аз торикбинон баръакс баҳо дода зидди Ҳукумату давлати тоҷик баромад мекунанд. Агар мардумро аз ҳадафҳои шуми онҳо мо огаҳ нанамоем, онҳо мардуми ноогаҳро фирефта намуда, бар зидди мо истифода менамоянд ва ба пойдории сулҳу амнияти хатар ворид месозанд. Боиси таасуф аст, ки на ҳама аз ин ободиву пешрафт қаноатманд мебошанд. Шуморе аз сокинони мамлакат хориҷ аз кишвар ба суйи мо санг мезананд ва аз ин пешрафту тараққиёти кишвар изҳори нодидагӣ мекунанд. Аз он ҷумла миссионерҳои ташкилоти терористӣ - экстримистии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, равияи Салафия, ДОИШ, ки шаҳрвандони аз худ ноогаҳу торикбинро ба ҳар роҳу усулҳо ба суйи худ ҷалб намуда, онҳоро васеъ ба манфиати хеш истифода мебаранд. Чунин ташкилотҳои терористию ифротгаро ҷомеъаи Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, мо низ ба ин мақсад омадем, ки мардумро аз ҳадафҳои нопоки онҳо огоҳ намоем ва бар зидди онҳо мубориза барем. Дар деҳҳои ҳудуди ноҳия ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳем ва робитаро бо мардум тақвият дода мардумро сарҷамъ дар гирди Пешвои миллат намоем.
Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия - Раҳмонов Далер баромад намуда, нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти мамлкатро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуд, ки соли 2018-ро Президенти мамлакат дар Паёми исмсолаи худ «Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд. Имрӯз барои мо бисёр зарур аст, ки ҳунарҳои қадимаи мардуми худро тарғибу ташвиқ кунем ва ба маърази ҷаҳониён гузорем.
Ҳамзамон, дар бораи риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" суханронӣ намуд.