БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХОҶАГИИ ОБ”

         ФАРХОР. Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии об” баргузор гардид, ки дар он ду масъала мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.

         Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилдоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии об” Ҳусейнов Абдулло дар назди аъзои ҳизб ҳисобот дода, қарорҳои дохлдоро қабул намуданд. Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар бораи интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии об” суханронӣ намуда, пешниҳод доданд, ки Ҳусейнов Абдулло раиси ташкилоти ибтидоии мазкур интихоб карда шавад.

         Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроия оди ба мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва аксияву ҳашарҳои ҳизбӣ, ки бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллати тоҷик 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ободии Ватан саодати мост!” роҳандозӣ шудаанд, баромад намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg