ТЕМУРМАЛИК. Ҳадафи асосии вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Боронов Сабзаалӣ бо сокинони деҳаи Оличабулоқи ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик, баргузор гардид.
Дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ташвиқу тарғиби суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид ва қабули аъзои нави ҲХДТ, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин деҳа буд.
Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид, маълумоти муфассал дод.