БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРТИ АВВАЛИ ХУШИВУ ОСУДАГӢ ДАР ОИЛА БАРОИ ҲАМДИГАР МУНОСИБ БУДАНИ ҲАМСАРОН АСТ

АНДЕША. Оила муассисаи қадимиест, ки аз замони офариниши инсон мавҷуд аст ва агарчи умри чандҳазорсола дорад,  ҳаргиз кӯҳна нашудааст. Оила  ва ошёне, ки тавассути чунин қойдаҳои  устувори фитрӣ бунёд мегардад, барои инсон  аҳамияти беназир дорд ва онро аз ҳаёти инсон ҷудо кардан номумкин аст. Инсон дар оила ба камол мерасад ва зиндагияш ба мавҷудияти оила тобеъ аст. Худованд оиларо дар фитрати инсон бо дасти ҳикмати худ ҷой додааст.

Воқеан, оилае, ки дар доираи қонунҳои шаръӣ бунёд шудааст, василаи камолоти моддӣ ва маънавии инсон мебошад.

Нахустин оила дар таърихи инсоният аз як ҷуфти инсон иборат буд ва минбаъд ҳам дар ин шакл идома ёфт. Аммо сахтиву мушкилиҳо дар нахустин оилаи таърихи инсоният муваққатӣ буд ва хушиву осудагӣ бардавом монд, зеро ин оила бо мадади дасти ҳикмат  таъсис ёфта буд. Агар инсонҳо шарту асосҳои таъсиси нахустин оиларо то имрӯз риоят мекарданд, наслҳо вайрон намешуд ва инсоният мисли имрӯз парешон намедошт.

Оила даргоҳи муқаддасе мебошад, ки хушиву осоиши инсонро таъмин мекунанд. Бунёди чунин оила аз ҷумлаи қонунҳои асоситарин ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Дар акси ҳол оила ва ошёне, ки дар  заминаи қоидаҳои устувор бунёд наёфтааст, барои фарзандон мисли меҳмонхона аст. Оила бояд аз рӯйи ақлу фаҳмиш таъсис дода шавад ва ҳамсарон бояд аз ҷиҳати ақлу ҳуш, фикру андеша ва фаҳмишу ахлоқ муносиб бошанд. Дар чунин ҳолат хонаи онҳо мисли як гӯшаи ҷаннат зебо ва афроди оила мисли аҳли ҷаннат хушбахт мешаванд.  Мақсад аз ташкили оила дар назди Худованд офаридани оромиш ва осоиш мебошад, то ки падару модар фарзандони хешро солеҳ тарбия намуда, дар рушду нумӯи ҷомеа саҳмгузор бошанд. Оила ҳамон вақт метавонад мустаҳакам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро иҷро намояд. Бинобар ин, на танҳо вазифаи худро хуб донистан зарур аст, балки онҳоро хуб иҷро намудан аст. Оилае, ки тибқи принсипҳо зиндагӣ мекунанд, оилаи мустаҳакам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилиҳо истодагарӣ намояд.

Оила ҳам мисли як давлати кӯчак аст, ки волидайн дар он бояд сиёсатмадор бошанд. Агар каме суст биёӣ, фарзандон, ки таҷрибаи кофии ҳаётӣ надоранд, навкору навамаланд, ба ҳар роҳ мераванд. Сахт аст, албатта  дар як вақт модари хуб будан ва дар чӣ шароите зиндагӣ кардан ба худи инсон вобаста аст. Бонувони мо зиндагии арзанда барои худу фарзандонашон мехоҳанд, кор мекунанд ва иқдоми тоза нишон медиҳанд, ки ҳатманд натиҷаашро мебинанд.

ВОҲИД  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg