БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ МАҲАЛ БА БЕҲТАР ШУДАНИ ВАЗЪИ ЗИНДАГОНИИ МАРДУМ ЗАМИНА МЕГУЗОРАД

АНДЕША. Маҳаллаҳои кишвари азизи мо тасвири хуб ва боду ҳавои мусаффоеро дорад. Ҳар як бинанда бо як назар аз тамошои дилфиреби манзараҳояш ҳаловат мебарад. Танҳо нафаре, ки дар ҷойи сераҳолӣ зист мекунад ва бойгарии ҳар як маҳалро медонад. Дар ҳақиқат аз ҳавои софи беғубор ва садои оромаш маҳала диққати моро бештар ҷалб менамояд. Хӯрокҳои табии, нони чакдонӣ ва шакаробе, ки аз хурданаш кас лаззат мебарад, ба таърифу тавсиф мезебад. Деҳаҳо диёре мебошанд, ки ҳунарҳои мардумӣ, оддатҳои қадимӣ дар он нигоҳ дошта мешаванд. Маҳз ба ҳамин хотир барои вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтории деҳот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Дар ҳақиқат мардуми деҳот бештар дар талоши зиндагӣ ва иҷрои кори саҳро мебошанд. Онҳо аз субҳ то шом пайи кишти обу дона, ҷамъоварии ҳосил ва нигоҳу бини боғу токзор ва ғайраҳо машғул мебошанд. Дар сурати рушд ёфтани деҳот маълум аст, ки вазъи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Айни ҳол бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаву маҳаллаҳо бештар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар марказҳои хизматрасонӣ сохта мешаванд, ки ин раванд метавонад ба ободии диёр замина гузорад. Аз ҷониби дигар роҳу кучаҳо сангфаршу мумфарш ва бо фурӯзонакҳо ҳангоми шабона равшан карда шуда истодаанд.
Бештари соҳибкорон ва нафарони имкониятдошта ҷиҳати иҷрои дастуру супориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодгоҳи худро ободу зебо намуда, саҳми худро дар ин ҷашни барои мо ниҳоят муҳим гузошта истодаанд.
Ҳар як нафари мо соҳибватан мебошем, агар мо дар ободонии диёри худ саҳм нагузорем пас кӣ обод хоҳад кард?. Барои иҷрои дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо аъзои ҲХДТ худро масъул мешуморем.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg