БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХАТЛОН” ТАЪСИС ЁФТ

БОХТАР. Дар арафаи таҷлил аз 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар идораи нашрияи вилоятии “Хатлон” маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  доир гардид. Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Бохтар  Иброҳимзода Неъматулло, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Новый Хатлон” Гаибова Зулайхо, кормандон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар нашрияҳои мазкур иштирок намуданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ Носирҷон Маъмурзода баромад намуда, иброз дошт, ки дар арафаи 90-солагии таъсиси рӯзномаи “Хатлон” ва 24-солагии Рӯзи  Ваҳдати миллӣ таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ иқдом ва ташаббуси хубе мебошад.

Аз ҷумла, номбурда гуфт, ки аъзои  ҲХДТ будан барои ҳар як шахс ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти баланд мебошад. Зеро ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар давраи мавҷудияти худ бо роҳбарии раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизб ҳамеша дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ қарор дошта, манфиати миллӣ ва давлатиро аз дигар манфиатҳо боло медонад.

Дар идома масъалаҳои интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб ва номгузории он муҳокима гардида, бо пешниҳоди аъзои ҲХДТ сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, ташкилот “Хатлон” номгузорӣ гардид. Ҳамзамон, маъсалаи қабул ба сафи ҲХДТ баррасӣ шуда,  чанд нафар кормандони ҷавон ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд.

Сипас, Иброҳимзода Неъматулло раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати таъсисёбии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хатлон”, 24-солагии Ваҳдати миллӣ ва 90-солагии таъсисёсбии рӯзномаи “Хатлон” табрику таҳният гуфта, ба аҳли эҷод дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият ва комёбиҳои беназирро таманно намуд.

-Имрӯз нақши ВАО дар пурра сохтани фазои иттилооти кишвар хело калон аст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҳамеша кору фаъолияти нашрияҳои вилоятии “Хатлон”, “Новый Хатлон”, “Дӯстлик” ва кормандонашонро пайгирӣ карда, саҳми онҳоро дар дастрас намудани иттилои сареъ ва  муҳим хуб арзёбӣ менамояд. Зеро кормандони ВАО, махсусан кормандони соҳаи матбуот дар тарғиби ҳадафу барномаҳои давлату  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҲХДТ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар сафи пеш қарор доранд, - иброз дошт Иброҳимзода Неъматулло.

Дар интиҳои маҷлис дар вазъияти тантанавӣ ба чанд нафар кормандони нашрияҳои “Хатлон” ва “Новый Хатлон” шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, аъзоёни фаъоли ҲХДТ, ки дар тарғиби ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми назаррас доранд, бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадр карда шуданд. 

Ҳамчунин, ба намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аз ҷониби роҳбарияти ташкилоти тозатаъсиси “Хатлон” туҳфаҳои махсус ба муносибати 90-солагии рӯзномаи “Хатлон” омода шуда, тақдим карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg