БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ бо мақсади тарбияи маънавии ҷомеа

ПАНҶ. Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва оинҳои миллии хеш ифтихор надорад наметавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлолият баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад. Тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд.

Оре дуруст қайд намудааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи урфу одатҳои неки мардумӣ ва ҳифзу нигаҳдории онҳо ва таъсири он ба тарбияи ахлоқию маънавии аҳолӣ.

Вобаста ба ин мавзӯъ ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳаллаи Сомонӣ 1- и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ дар асоси ҷадвали мулоқоту вохӯриҳо маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ сокинон ва фаъолони маҳаллаи зикргашта иштироки фаъолона доштанд.

Мутассадиён дар баромадашон аз ҷумла, қайд карданд, ки дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро яке аз  соҳаҳои муҳими тараққиёти кишвар арзёбӣ намуда, соли 2018-ро  дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд, ки он аз ҷониби мардуми кишвар хуб пазируфта шуд.

Дар ин асос,  иқдоми пешниҳоднамудаи Пешвои миллат барои эҳёи фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ  мусоидат намуда, ба ин восита сатҳи некӯаҳволии  сокинони кишвар беҳтар мегардад.

Дар радифи пос доштани ҳунарҳои мардумӣ, яке аз муҳимтарин урфу одати шарқиёнаи мардуми тоҷик, ин эҳтироми падару модар, калонсолон ва расидан ба қадри неъматҳои табиат мебошад.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро дар ҳамин руҳия тарбия намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg