БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОҲАНГАРОН”

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оҳангарон” бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб вохӯрӣ  баргузор гардид.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда шунида шуд.

Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оҳангарон” Каримов Абдураҳмон аз нав интихоб гардид.

Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg