БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАНГИ БУНЁДСӮЗИ МО ГУЗАШТ, СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД

ВОКУНИШ. Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки ҳанӯз оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дод, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ва таҳрибкориҳои гаронфарҷом гардида, таъсираш то ҳол аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем.
Ин ҷанги фоҷеабор бо ҳамагон сабақи бузурги таърих гашт, тафовути неку бад ва садоқату хиёнатро аёнтар намуд, аҳамияту моҳияти сулҳу дӯстиву рафоқатро бори дигар таъкид сохт, ниқоб аз чеҳраи мансабталошу ҷоҳталабон бардошт ва инак, мардуми шарифи Тоҷикистони вораҳида аз вартаи муҳлик шукрона мегӯяд, ки “Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт сулҳи бунёдкори мо омад”.
Агар мо ба таърихи пайдоиши Ҳизби Наҳзати Ислом рӯ оварем, мебинем, ки дар ибтидо он як нерӯе буд, ниқоби дин дар чеҳра. Ин ҳизб тадриҷан тавасути ҳиллаву найранг ва бо истифодаи номи поки ислом, таъвилу таҳрифи оятҳои Қуръонӣ одамонро фирефта, ба коми худ кашид. Гурӯҳе гумон карданд, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ адолатро ҷорӣ мекунад ва онҳо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ хоҳанд кард, аммо вақт нишон дод, ки ҳадафи аслии ин ҳизб танҳо ва танҳо ба даст овардани ҳокимияту давлату сарват будааст.
Сарварону думравони Ҳизби Наҳзати Ислом ҳаргиз иқрор шудан намехоҳанд, ки ҳамчун силоҳ ва сипар истифода кардани дини пок бузургтарин гуноҳ, хиёнат ба фармудаҳои башарпарваронию муҳаббат бори Қуръони маҷид ва ҳадисҳои инсондӯстонаи Паёмбар аст. Ҳадафҳои волои дини Ислом мусоидат ба зиндагии поку осоишта ва пурсароҳату бунёдкоронаи мардум аст, на ҷангу пархошу часпу талош ва мансабу қудрат.
Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намоянд. Аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал карданӣ мешаванд, ин тоифаи нотавонбин. Тариқи телевизионҳои моҳворагӣ ва шабакаҳои интернетӣ онҳо ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурӣ ва ҳукумати кишварро, ки ба таъмини сулҳу суббот ва пешрафту тараққиёти мамлакат равона карда шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд бо воситаи ашхоси каҷтинату кинавар аз ҷумла, баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва онҳоро ба муқобили Ватану миллати худ барангезанд.
Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми асри гузашта чӣ гуна шиорҳо, кадом ояту ҳадис бо тафсиру таҳвилҳои бардуруғу ноқис ба мардум расонида мешуданд.
Шиорҳои иғвобунёди “Озодӣ!”, “Истеъфо!”, “Аз хоби гарон хез!” дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби тарафдорони ҲНИ таҳриркориҳои зиёде амалӣ мегардиданд. Ҳақиқат хоҳ нохоҳ (баъзан дер бошад ҳам) ошкор мегардад.
Мардуми сулҳпарасти тоҷик ниҳоят аз асли матлаби наҳзатиён ним косаи зери косаи онҳо огаҳӣ дарёфтанд ва ба ин гурӯҳи хиёнатпеша нафрат хонданду аз он рӯй гардонданд.
Имрӯз мо аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бо номи Ислом алоқаманд, ки динро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани халқ истифода мебаранд, бояд ҷиддан эҳтиёткор бошем.
Имрӯз моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дустон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозиҳои наҳзатиён ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва баъзе одамони дурӯя ва хоинони миллат, (мисли М.Кабирӣ ва пайравони ӯ), огоҳ созем.
Сулҳи тоҷикон муфту осон ба даст наомадааст ва аз ин рӯ ҳамагон бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то парчами сулҳамон ҷовидону ҷилвагар бимонад.
Халқи шарафманду сарбаланди тоҷик бо раҳнамоиву ҳидоятгариҳои хирадмандонаи фарзанди асилу садоқатпешаи худ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пеш меравад, ба комёбиҳои тоза ба тоза шарафёб мешавад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста ишғол мекунад.
Мо аҳли Тоҷикистони соҳибистиқлол, комилан ҷонибдори сиёсати Пешвои муаззами хеш мебошем.

Умаралиев А., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg