БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНДОРОНИ ШИКАСТНОПАЗИР

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохтаст дастони модар.

АНДЕША. Ватане, ки васфаш мекунам пур аз чашмаҳои шифобахшу гулу буттаҳои хушбӯйро дар замини зархезаш ҷой дода, ба машом бӯйи хуши форамро арзонӣ доштааст.

Ватан гуфта ҷойгоҳи таваллуди фарзанди одам пеши назар ҷилвагар мегардад, ки сокинонаш бе он зиста наметавонад. Аҷдодонамон аз азал то абад ватанро муқаддас шумурда, барои ҳифзи сарзаминаш аз худ гузарҳо намуда бо асбобу ускунаҳои деҳқонӣ зидди душман истодагарӣ намуданду кишварамонро ба қимати ҷонашон пуштибонӣ карда, ба насли баъдӣ супурданд.

Дар гузашта арабҳо ба Хуталон омаданд, мақдуниҳо низ ба мо дар набард будаву муғулҳо низ дар Хуҷанди бостонӣ лашкари бешумори худро сохтанд.

Чӣ ҳикмате дорад, ин сарзамин, ки то ҳол чашми ҳасуди душман то имрӯз ба ин кишвари биҳиштосо боз мондааст. Ҳар фарди Хатлонию Хуҷандӣ дар канор наистода душмани нохондаи худро саркӯб намудаанд.

Мехоҳам аз ду нафари ватандори шикастнопазир ишораҳо намоям, ки то ҳар хонанда пай барад, ки Ватан чӣ қадар бар аҷдодонамон муқаддасу қиммат аз лаълу ёқут будааст.

Спитамени диловар: Бар зидди лашкари мақдунӣ, ки сарҳанги он Искандари Мақдунӣ буда, истодагарӣ намуда, ин сарҳанги хунхорро бо ҷасорату матонаташ дар ҳайрат гузошт. Худи Искандар мегӯяд: «Спитамен ватандӯсти бузурги халқи худ, вале душмани ман аст».

Темурмалики Хуҷандӣ: Дар шимоли Тоҷикистон бо лашкари бузурги Чингизхон, ки теъдоди лашкараш мисли муру малах буда, наҳаросида, пеши роҳи  куштори ин лашкаркаши хунхорро гирифта Хуҷандро низ то қуввате дар бадан дошт, пуштибониашро вазифаи ҷонию ватандорияш дониста ва дар ин муборизаи шадид кушта шуд.

Дар асри 21 низ Ватандорони шикастнопазир ҳоло рушд ва арзи ҳастии худро дорад, зеро ки мо наслҳои баъдии ин родмардони далери ин меҳан ҳастем, барои пойдорияш лозим шавад, аз ҷону тани худ гузашт мекунему ватани азизи худро ҳимоя намуданро рисолати ватандорӣ меҳисобем.

Муноқишаи сарҳади ду қаламрав Тоҷикистон-Қирғизистон ҷомеаро безобита гардондаст. Мо Ворухро ба қимати ҷонамон ҳифз менамоему барои аз байн нарафтанаш муборизаи оштинопазирро замина мегузорем. Ҳар шаҳрванди ватанамон масъулият ҳис намуда, барои аз байн нарафтани сулҳу суботи кишвараш доимо ҳушёру зирак ва таҳамулпазириро дар ниҳоди худ парвариш намуда, ҳар гуна қувваи аҳриманиро шикаст медиҳад, то сарзаминаш ободу зебо ва рӯзгори сокинонаш дар амн қарор гирифта бошад.

Ҳоло он ки ҳар қадами мову Шумо медонем, ки Тоҷикистон дар қатори 10 давлати амнтарини дунё қарор дораду бо зиёда аз 154 давлати рушдёфтаи дунё робитаи дӯстию дипломатӣ дорад ва ҳамчун давлати тараққиёфта ба расмият шинохта шудааст.

Рӯзҳои охир сару садоҳо дар мавзӯи сарҳадӣ вирди забони хурду калон шуда ҷомеаро дар ташвиш гузоштааст. Мо метавонем бо неруйи созанда ва бо дасти пурқудрати худ ҳар гуна душмани бадхоҳро шикаст дода, сулҳу суботи кишварро нигоҳ дорем.

Мо метавонем гӯем, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати амни кишвараш тамоми чораҳои заруриро андешида, барои пойдорияш ҷавонони шуҷои ватанро тарбия намуда истодааст.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медорад, ки «Ваҳдати миллӣ моро ба муваффақиятҳои аз ин ҳам хубтар ноил гардонид».

Омодагии ҳар фарди бонангу номуси Ватан дар бедории миллӣ ва ҳуввияти миллӣ дар сатҳи зарурӣ бояд қарор гирад, зеро ки ватанро ҳимоя намудан аз родмардони шикастнопазираш вобастагӣ дораду сокинони меҳнатқаринаш дар орому осудагӣ пайваста заҳмат мекашад, то иқтисодиёти кишвар пеш раваду сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёбад.

Абдулфайзов Аскаралӣ, аъзои ҲХДТ дар н.Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg