БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРД ОН, КИ САРАФРОЗ САРИ ДОР БИМИРАД!

ВОКУНИШ. Оре, мард он нафарест, ки дасту дили нек, виҷдони пок дораду барои нангу номуси Ватан ҷони хешро сипар месозад, зеро Ватан ҷойест ки мо дар оғуши зебояш ба дунё омадаву бакамол расидаем. Ватан “хиёнат” –ро намебахшад. “Хиёнат” ба Ватан “хиёнат” ба Модар аст.

Ҳанӯз кӯдак будаму бибиям бароям қисса мекард, ки бобоят иштирокчии ҶБВ буд ва барои дифои Ватан дар қатори ҳазорон фарди ватандор қаҳрамонона бар зидди душман, яъне Германияи фашистӣ ҷанг намудааст. Аз бобоям бошад бобати давраҳои ҷанг ва қаҳрамониҳо қиссаҳои ҷолиб мешунидаму худро яктои хушбахти замон тасаввур мекардам, ки бобои ман қаҳрамон асту дар набардҳо ҷангидааст.

Пас бузургтар шудаму оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Ватан пеши чашмам дидам. Қиссаҳои бобоям гуфтаву майдонҳои набарди ӯ ҷангида, дар пеши чашмам танҳо кӯчак буд, зеро дар он давра ҳатто Гитлер ба мисли наҳзатиҳои хунхор амал накардаанд.

Танҳо дар як ноҳияи Ёвон қиёс ба ҶБВ кунем ҷанги бародар бо бародар, маҳал бо маҳал, қавм бо қавм, мазҳаб бо мазҳаби дигар. Кӯштани кӯдакону пирон, таҷовуз кардани духтарону хоҳарон, дар паси мошинҳо бастану кашидани одамони зинда то дами марг, буридани сар ва узви баданҳои одамони бегуноҳ, аз байн бурдани бузургону қаҳрамонони миллат, ба вайрона мубадал сохтани кишвар ин ҳама даҳшат аст. Даҳшате, ки мо дидааему шунидаем. Даҳшате, ки мутаассифона ҳақиқати ҳолро бозгӯ аст. Даҳшате, ки сабабгори аслиаш аъзо ва пайравони ҳизби мамнуъ гаштаи ТЭТ наҳзати исломӣ аст, ки зери ниқоби “Исломи бузург” қодир ба чунин ҷиноятҳо гаштанду ба Ватану Модари худ “хиёнат” карданд.

Имрӯз шармандагист, ки Муҳамадиқболи Садриддин- саркардагон ва пайравони ТЭТ ҲНИ аз хориҷи кишвар истода дар бораи Ватан, Истиқлолу озодӣ ва паймони миллии Тоҷикистон сухан мегӯянд.

Бошад сухан бигуянд, ҳуқуқи башар ба онҳо иҷозат додааст. Охир суханро дар хонаи торику танг не, пас дар минбару маҳфилҳо ва толору анҷуманҳо бигуянд.

Барномае, ки рӯзҳои наздик тавассути шабакаи Ютуб аз ҷониби Муҳамадиқболи Садриддин пахш гардид, иродаи солимро мехост, ки Муҳамадиқболи хоин надорад. Суханони сарсариву посухҳои масхараи тарафдоронаш (албата гурӯҳи 24) боиси шармандагист. Хушбахтона ин барномаҳо тавассути забонҳои хориҷӣ пахш намегардад, зеро ки мо тоҷикон дар доштани чунин ҳамватанони оҷизу дармонда ва беақлу беандеша шармсор мегардидем.

Маъракаи пешазинтихоботиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дасисаи навбатии наҳзатиҳо қарор гирифта, мисли қабл барномаҳои беҳосили хешро манзури бинанда менамоянд, мисли сагҳои парешон то субҳ акос мезананду монда шуда, то баромадани овози хурӯс (хоҷаи хориҷӣ) хоб мераванд. Баъди баланд гардидани садои хурӯс боз мераванд паси иҷрои нақшаҳои хурӯс.

Кош бошад, ки “исломшиносон” ва ё “посдоронадагони дини ислом” субҳи содиқ бо нияти адои намози бомдодӣ бархезанду тавбаи гуноҳҳои хеш созанд, лек ҳайҳот....

Садҳо  афсус мехӯрам, ки ин разилон тоҷиканду онҳоро низ, модари тоҷик ба дунё овардаву дар хоки Тоҷикистони азиз ба воя расонидааст.

Лек ба қавли шайх Саъдии бузургвор:

 

Саъдиё Шерозиё, таълим мадеҳ бадзотро,

         Бадзот агар доно шавад, санге занад устодро.

 

         Ин мисраҳои шеъриро садсолаҳо қабл маҳз барои Гадоев Ш., Муҳиддини К., Назарзода, Маҳмадалии Қ., Сулаймон Д., Муҳамадиқболи С. ва даҳҳо чунин бадзотҳо гуфтаанд, ки имрӯз шоҳиди ҳол аст.

         Воқеияти кунунӣ ин аст, ки биёед ба бетарафӣ хотима гузошта, бар зидди хурофоту таассуб ва ҷаҳолату мазҳамбозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу Ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли як гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Саёҳат Абдуллозода, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg